Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майли пинҳони ҷавонон ба равияи салафия


Умар ҷавони 24-сола яке аз пайравони равияи тозапайдои мазҳабиест, ки худро "салафиёни солеҳ" меноманд.

Умар мегӯяд, пайравии ҷавонони тоҷик ба ин равия ягон хатар надорад ва дуруст нест, ки иддае аз домуллоҳои, ба гуфтаи ӯ, камсавод салафияро ҷараёни тундгаро ва мухолифи равияи Имоми аъзам ба қалам додаву, аз салафиҳо дар чашми мардум ва ҷомиа душман метарошанд.
Нишонаи охириншон бар зидди мардуми мусулмон, ки пайрави ақидаи Имоми Аъзам ҳастанд, ҷиҳод эълон кардан аст. Ва ин мақсадҳои онҳоро раиси ҷумҳур ҳам дарк карда соли Имоми Аъзам эълон карданд...

Ин пайрави салафия таъқибу боздоштҳои ахири ҳамандешонашро низ кори гурӯҳҳои динии наздик ба ҳукумат медонад, ки тавонистанд бо ин душмантарошиҳо қарори манъи равияи салафия дар кишварро ба даст биёранд.

Вай мегӯяд: «Мақсади мо расонидани асли «Қуръон»-ро аз ҳадисҳои пайомбар ва саҳобагони солеҳ аст, мисли дигар ҳадафҳои сиёсӣ надоштем, вазифаи мо расонидани фармудаҳои Худованд аст. Тавре Расули Худо гуфта буд, аз мо расондан буд, вале чи тавре онҳо кабул карданд, инаш тасмими онҳост.»

Ба гуфтаи пайравони салафия, онҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва аз идомаи фаъолиятҳои худ даст бардоштаанд, вале мегӯянд, шумори мухлисони ҷараён, ба гуфтаи онҳо, коҳиш наёфта, балки баръакс дар ҳоли афзоиш будааст.

Дар ҳафтаи гузашта дар масҷиди маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе даҳҳо нафар, бо шумули имоми ин масҷид домулло Сироҷиддин, бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни салафия боздошт шуданд. Мусоҳиби мо Умар боздоштшудагонро бародарони салафии худ меномад ва мегӯяд, алайҳи 6 тан аз боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Салафия дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон тайи чанд соли охир зоҳир шуд ва ба зудӣ густариш пайдо кард. Аммо дар моҳи январи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти салафиҳоро расман манъ кард.

Дар назари аввал пайравони ин ҳаракат аз боқии мусалмонон бо ҳаракоти зоҳирие, чун баланд гуфтани намоз ва кушодтар мондани пойҳо ба ҳангоми адои намоз фарқ мекунанд, вале рӯҳониёни расмӣ мегӯянд, дар асл фарқҳо хеле амиқтар ва хатарноктар аз ончист, ки дар нигоҳи аввал менамояд.

Мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, Қобилҷон Боев мегӯяд, ки агар салафиҳо хатар намедоштанд, фаъолияти онҳо манъ намешуд. Ба гуфти оқои Боев, раҳбарони ин равия бештар ҷавононро ба сафи худ мекашанд, чунки насли ҷавон, ба бовари ӯ, дар ин синнусол дар ақидаи динии хеш ҳанӯз чандон устувор нест ва зуд кашида мешаванд.

«Бисёртар ҷавонҳоро ба худ ҷалб мекунанд ба хотири он, ки ҷавонон аз мақсадҳои онҳо бехабаранд ва гумон мекунанд, ки равияи хуб аст.Онҳо худро равияи салафи солех мегӯянд, лекин дуруг мегӯянд, онхо мехоҳанд ваҳдати динии ҷомеаро халалдор кунанд. Мақсадҳои охирашон эълон кардани ҷиҳод ҳаст. Нишонаи охириншон бар зидди мардуми мусулмон, ки пайрави ақидаи Имоми Аъзам ҳастанд, ҷиҳод эълон кардан аст. Ва ин мақсадҳои онҳоро раиси ҷумҳур ҳам дарк карда соли Имоми Аъзам эълон карданд»


Қобилҷон Боев, мудири бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, пайравии ҷавонони тоҷик ба салафияро барои амнияти кишвар хатарнок мехонад.

Аммо чӣ чиз ҳаст, ки ҷавононро ба сӯи ҳаракатҳое назири Салафия ва ҷамоати Таблиғ ё Даъват ҷалб мекунад?

Албатта, ҷавонон табъан навхоҳу навҷӯянд ва табиист, ки бештар аз ҳар қишри дигари ҷомиа ба ҳаракатҳои тоза майл пайдо мекунанд.
Аммо таҳлилгари ҷавон Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, ки сабаби аслии ҳузури падидаи салафия дар Тоҷикистон фазои холии динии кишвар буда, ҳамчунин амали нагардидани хостаҳои худи ҷавонон бо роҳу усули суннатӣ мебошад. Зеро мегӯяд, Шамсиддин Ҷалолов аз як тараф ноадолатии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва аз тарафи дигар зафъии рӯҳониёни расмӣ боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ғайрианъанавии динӣ мешавад.

«Албата вақте рӯҳониён талаботи онҳоро ҷавоб гардонида наметавонад, ҷавонон фикр мекунанд, ки ин равия хубаст. Ва вақте онҳоро ноадолатиҳои иҷтимоӣ хаста мегардонад, онҳо пайи гурӯҳе мераванд, ки ба дарди онҳо мехӯрад. Ва онҳо дар ҳамон ҳалқаҳо адолатро мебинанд. Вале бехабар аз нақшаҳои хориҷие ки дар зеҳни онҳо таҳмил мегарданд».

Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, ноогоҳӣ низ ҳаст, ки ҷавононро ба сӯи гурӯҳҳои ғайрианъанавии мазҳабӣ, аз ҷумла ба домани салафиҳо тела медиҳад.

Ба эътиқоди ӯ, чунин гароишҳои пӯшида падидаест, ки бояд ҳатман дар сатҳи марказҳои илмӣ таҳқиқ шавад, вагарна нобоварии ҷавонон ба мақомоти давлатӣ ва равияҳои суннатӣ метавонад боз ҳам авҷи бештар бигирад.
XS
SM
MD
LG