Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори бозори Черкизово боздошта шуд


Маъмурияти як ҳукумати маҳаллии Маскав аз рӯи аризаи Роспотребнадзор, як ниҳоди назоратӣ фаъолияти бозори Черкизоворо боздошт. Боздошти кори ин бозор то замони бартараф шудани қонуншиканиҳое дар назар аст, ки дар ин бозор мушоҳида шудааст. Роспотребнадзор мегӯяд тафтиш нишон дод, ки борҳои хеле зиёди тоҷирони Черкизово дар шароити номуносиб, бо вайрон кардани муқаррароти нигаҳдошти бор ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад. Як мақоми маҳаллӣ гуфтааст, ки мӯҳлати баста будани бозор мушаххас нест, танҳо баъди тафтиши дубораи он ва бартараф шудани камбудиҳо Черкизово дубора метавонад ба кор шурӯъ кунад. Ҳафтаи гузашта Александ Бастрикин, раиси кумитаи тафтишотии додситонии Русия таҳдид кард, ки бозорро ҳатман хоҳад баст. Дар баробари тоҷирону мардикорони чиноиву виетнамӣ ва озарбойҷонӣ дар Черкизово ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ кор мекунанд, ки даромади онҳо нони аҳли хонавода ва наздикони зиёдашон мешавад.
XS
SM
MD
LG