Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА ба пешравиҳои интихоботи Албания таъкид кард


Бахши назорат аз интихоботҳои САҲА гуфт, ки интихоботи парлумонии Албания ба пешравиҳо даст ёфтааст. Айни замон, дар гузориши имрӯзаи Ҳайати байналмилалии назорат аз интихоботҳои САҲА омадааст, ки чанд мавриди поймолкунии муқаррароти раъйдиҳӣ ҳамоно ба мушоҳида расидааст. Тибқи назархоҳие, ки ҳамзамон баъди интихобот баргузор мешавад, ҳизби ҳокими демократии нахуствазир Салӣ Бериша аз рақиби худ ҳизби сотсиалистии Эдӣ Рама пеш гузаштааст. Баъди суқути ҳукумати коммунистӣ дар соли 1991 ин ҳафтумин интихобот аст, ки дар Албания бо ширкати чаҳор ҳазор номзад барои 140 курсии парлумон баргузор шуд. Ғарб гуфтааст, ки интихоботи мазкур барои демократияи Албания ва мутобиқати он ба меъёрҳои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо як имтиҳон аст. Аз оғози апрели имсол Албания ба узвияти НАТО шомил шудааст.
XS
SM
MD
LG