Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондон боздошти кормандони сафоратро ноҳақ медонад


Эрон мегӯяд, ки аз нӯҳ корманди сафорати Бритониё дар Теҳрон панҷ нафарашонро озод кардааст. Ҳасан Қашқавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки чаҳор нафари боқимонда мавриди бозпурсӣ қарор дода шудаанд. Сухангӯи Гордон Браун, нахуствазири Бритониё боздошти ин нафаронро ғайри қобили қабул ва ноҳақ хондааст. Баъди ошӯбҳои баъдиинтихоботии мухолифин, Эрон қудратҳои ҷаҳонӣ - Бритониё ва ИМА-ро ба мудохила ба умури ин кишвар айбдор кард.
XS
SM
MD
LG