Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 макони нави мавриди ҳимояти UNESCO


Ба феҳрасти ёдгориҳои таърихии мавриди ҳимояти UNESCO, дафтари СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф исми 13 макони нав илова шуд. Барои нахустин бор ба ин феҳраст исми се кишвар илова шуд, ки дар миёни онҳо Қирғизистон ва кӯҳи муқаддаси Сулаймон-Тоо низ шомил шудааст. Дар нишасти UNESCO дар Севиляи Итолиё инчунин обшорҳои Шушари Эрон ва кӯҳи буддоии Вутаи Чин вориди ин феҳраст шуданд. Дар ҳамин нишаст ба хотири мувофиқ набудани пули нави Дрезден ба ҳусни меъмории ин маҳал, ин шаҳри олмонӣ аз феҳрасти UNESCO бароварда шуд. Феҳрасти ёдгориҳои UNESCO 890 маконро таҳти ҳифозати вижаи ин муассисаи фарҳангии СММ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG