Пайвандҳои дастрасӣ

Кабкҷанг аз бозиву фароғатҳои қадимии мардуми тоҷик аст ва дар гузашта дар маъракаву маросимҳои хонаводагӣ ва ё маҳаллӣ нафароне баҳсҳои инфиродиро бо набарди кабкҳои худ хотима медодаанд.

Саҳнаи кабҷангро дар маҳаллаи 84-уми Душанбе рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафта мешавад мушоҳида кард. Дар ин, ба истилоҳ, набард кабкбозони маъруф аз тамоми кишвар гирд меоянд ва зӯри чанголи кабкҳои худ меозмоянд.

Ҳамчунин ин саҳнаи фароғати нафароне ҳаст, ки ба тамошои кабҷанг дилбастагии зиёд доранд ва қабл аз оғози набарди навбатӣ барои пуштибонии кабки мақбулашон маблағи муайяне мегузоранд. Дар як набард аз 100 то сесад сомонӣ ҷамъ мешавад ва миёни ҷонибдорони кабки пирӯз қисмат мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG