Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод таҳқиқи марги Нидоро амр дод


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз додраси калони кишвар хост, ки ҳодисаи ҳалокати духтареро таҳқиқ кунад, ки дар ҷараёни ошӯбҳои баъдиинтихоботӣ ба рамзи эътирозҳо табдил шуд. Дар номае ба унвонии додраси калон Аҳмадинажод гуфтааст, ки Нидо Оғосултон аз ҷониби унсурҳои номаълум бо як роҳи машкук кушта шудааст ва ҳоло душманони Эрон аз ин чиз барои сиёҳ кардани обурӯи Ҷумҳурии Исломӣ истифода мекунанд. Нидо рӯзи 20 июн, замоне, ки эътирозгарон бо полис ва нирӯҳои басиҷӣ дар Теҳрон вориди задухӯрд шуданд, аз тири туфанг ба ҳалокат расид. Навори ҳалокати ӯро милёнҳо нафар тавассути Интернет тамошо карданд.
XS
SM
MD
LG