Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳо аз созиши нави газии Маскаву Боку


Русияву Озарбойҷон интизор доранд, ки дар ҷараёни боздиди имрӯзаи раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ба Боку созишномаи нави газ имзо хоҳанд шуд. Медведевро дар ин сафар Алексей Миллер, раиси ширкати воҳиди "Газпром" ҳамроҳӣ мекунад. Тибқи ин созишнома, Русия аз соли оянда гази табиии майдони Шоҳ Дениз, калонтарин манбаи тавлидкунандаи гази табиии Озарбойҷонро харидорӣ хоҳад кард. Гузоришҳо ҳокист, ки созишномаи мазкур "Набукко" - тарҳи интиқоли гази табиӣ аз Осиёи Марказӣ ба Аврупоро, ки аз пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо бархурдор аст, ба ҳам хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG