Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари барканоршудаи Ҳондурас баргаштанист


Раиси ҷумҳурии муваққатии Ҳондурас Роберто Мичелеттӣ баъди аз қудрат барканор шудани Мануэл Зелая барои ду шаб қуюди шабгардӣ ҷорӣ кард. Дар наздикии қасри раёсатҷумҳурӣ дар Тегусигалпа, пойтахти Ҳондурас, баъди он ки артиш Зелаяи чапгароро аз қудрат барканор кард, садои тири туфанг ба гӯш мерасид. Дар ҳамин ҳол худи президенти барканоршуда Зелая, зимни як суханрониаш шоми дирӯз дар Коста Рика гуфт, ки вай вазифадор аст баргашта рисолатҳои президентиашро идома диҳад. Вай гуфт:

"Ман ҳамоно президенти интихобшудаи мардуми Ҳондурас боқӣ мемонам ва инчунин ба шумо гуфтанӣ ҳастам, ки нияти ба кишвари худ баргаштанро дорам. Ман ба ҳайси раиси ҷумҳурӣ бармегардам ва иҷрои вазифаҳои худро идома хоҳам дод. Имрӯз онҳо маро бо истифода аз зӯр берун карданд. Интизори ман ин аст, ки нафарони ҷасуру далер, ки дар ин ҷо дар канорам ҳастанд, маро ҳамроҳӣ хоҳанд кард".

Кудатои Ҳондурас аммо бо вокунишҳои манфӣ ва маҳкумиятҳои Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, СММ ва муттафиқони минтақаии ин кишвар, мисли Ҳуго Чавез, президенти Венесуэла рӯбарӯ шуд. Кудато баъди он рӯй дод, ки мардуми Ҳондурас барои тамдиди ҳузури Зелая дар вазифаи раҳбари давлат ба раъйдиҳӣ мерафтанд.
XS
SM
MD
LG