Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои нигаҳбон ҳисоби 10 % раъйҳоро оғоз кард


Шӯрои нигаҳбони Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи гузоришҳо ҳисоби дубораи як қисмати баҳсбарангези раъйҳоро шурӯъ кардааст. Шӯрои иборат аз 12 узв пешниҳоди ҳисоби дубораи танҳо 10 дар сади раъйҳоро кардааст, дар ҳоле, ки мухолифин бо иттиҳоми ин ки тақаллуб фарогир ва густарда будааст, ҳамоно ба ташкили интихоботи дубора даъват мекунанд. Интизор меравад, ки шуморои раъйҳо имрӯз ба охир расида натиҷаҳои ниҳоии он дар 24 соати дигар эълон шавад. Шӯрои нигаҳбон аз пеш интихоботи рӯзи 12 июни кишварро, ки бо пирӯзии Аҳмадинажод анҷомид, чун солимтарин раъйгирӣ ситоиш кардааст.
XS
SM
MD
LG