Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 7-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Саройкамар»-и Панҷ дар меҳмонӣ аз рақиби аслиаш - тими «Ҷавонон»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти футболбозони ноҳияи Панҷ дар ин мусобиқот мебошад. Ва аммо «Ҷавонон» ягона дастаест, ки то ҳоло мағлуб нашудааст.

Дар бозии дигар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар сафар бар тими «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ ба дарвозаи тими «Ҳулбук»-и Восеъ 5 голи беҷавоб зад. Дастаи «Локомотив»-и Душанбе бар тими дигари пойтахти кишвар - РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ) бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Бозии дастаҳои «Зарафшон»-и Панҷакент ва «Барқ»-и Норак мавқуф мононда шуд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Саройкамар» бо 18 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаҳои «Ҷавонон» ва «Хайр» 14-имтиёзӣ ба даст овардаанд, вале футболбозони шаҳри Турсунзода як бозӣ камтар анҷом додаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Ҷавонон» дар ҷои дуюм ва «Хайр» дар ҷои сеюм қарор доранд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 1-уми июл

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар»

7

6

0

1

16-8

18

2.

«Ҷавонон»

6

4

2

0

18-7

14

3.

«Хайр»

7

4

2

1

21-13

14

4.

«Панҷшер»

6

4

0

2

22-6

12

5.

«Ҳулбук»

7

3

0

4

14-19

9

6.

«Локомотив»

7

3

0

4

5-11

9

7.

«Рангонгаз»

7

2

1

4

8-17

7

8.

РШВСМ

7

1

2

4

9-14

5

9.

«Барқ»

6

1

1

4

5-15

4

10.

«Зарафшон»

6

0

2

4

6-14

2


Беҳтарин голзанҳо: Саймурод Юнусов («Панҷшер») – 10 гол, Дилшод Табаров («Хайр») – 7 гол ва Зоир Холматов («Ҳулбук») – 5 гол.

Бозии мавқуфмонда байни дастаҳои «Панҷшер» - «Ҷавонон»
1-уми июл
баргузор мешавад.

Бозиҳои даври 8-ум: 4-уми июл - РШВСМ - «Ҳулбук», «Локомотив» - «Хайр», 5-уми июл - «Барқ» - «Рангонгаз», «Зарафшон» - Ҷавонон», «Саройкамар» - «Панҷшер».
XS
SM
MD
LG