Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот дар Эрон


Дар Теҳрон бархурди нав миёни кормандони полис ва ҷонибдорони мухолифин ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи хабаргузориҳои ғарбӣ, бо вуҷуди манъи баргузории намоишу гирдиҳамоиҳо, чандин ҳазор нафар дар хиёбонҳои Теҳрон ҷамъ омаданд.
Имрӯз Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ бояд натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июнро эълон кунад. Дар ҳоле, ки ҷонибдорони номзади ноком Мирҳусейни Мусавӣ натоиҷро тақаллубӣ мехонанд, Шӯрои нигаҳбон интихоботи раёсатҷумҳуриро одилонатарин баъд аз инқилоби соли 1979 арзёбӣ мекунад.
Ба иттилоъи муовини раиси Федератсиюни байнулмилалии барои ҳуқуқи башар Карим Лоҳиҷӣ, бар асари саркӯб кардани намоишҳои эътирозии оммавӣ дар Ироқ тақрибан 2 ҳазор нафар боздошт шуда ва садҳо нафар беному нишон ғайб задаанд.
XS
SM
MD
LG