Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз тамринҳои "Қафқоз-2009" оғоз меёбанд


Низомиёни рус имрӯз тамринҳои густардаи "Қафқоз-2009"-ро шурӯъ мекунанд. Дар ин машқҳои низомӣ беш аз 8 ҳазор низомиён, садҳо танку мошинҳои зиреҳпӯш ва тупхона ширкат хоҳанд кард. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳӣ, ба тамринҳо низомиёни пойгоҳҳои низомӣ дар Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ фаро гирифта шудааст. Александр Колмаков, муовини аввали вазири дифоъи Русия, изҳор намуд, ки дар ҷараёни тамринҳо аз таҷрибаи дар набардҳо бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта андӯхта истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG