Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо аз Теҳрон хостори амнияти сафоратхонаҳо шуд


Бар асари саркӯб кардани намоишҳои эътирозии оммавӣ дар Ироқ тақрибан 2 ҳазор нафар боздошт шуда ва садҳо нафар беному нишон ғайб задаанд. Дар ин бора дар гиридиҳамоии пуштибонӣ аз мухолифини Эрон дар Порис муовини раиси Федератсиюни байнулмилалии барои ҳуқуқи башар Карим Лоҳиҷӣ хабар дод. Мухолифини Эрон барои бознигарии натоиҷи расмии интихоботи раёсатҷумҳурӣ талош доранд, ки тибқи он, дар ин маъракаи сиёсӣ раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз шудааст.
Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо аз Теҳрон даъват кард, ки амнияти кормандони сафоратхонаҳои ғарбиро таъмин намояд. Вазирони умури хориҷаи кишварҳои аврпуоӣ аз мақомоти Эрон даъват карданд, ки ба таври фаврӣ 8 корманди эронитабори сафорати Бритониё дар Теҳронро озод намоянд. Хабаргузории нимарасмии "Форс" иттилоъ дод, ки ин 8 нафар барои ширкати фаъолашон дар тазоҳуроти мухолифин дар Теҳрон айбдор мешаванд
XS
SM
MD
LG