Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси кормандони сафорати Британия дар Теҳрон


Британия ба боздошти 8 нафар кормандони эронитабори сафорати худ дар Теҳрон вокуниш нишон дод.

Дэвид Милибанд, вазири умури хориҷаи Британия дархост кард, ки кормандони сафорат раҳо шаванд. Вай ин иқдоми Эронро таҳқир ва тарсонидани кормандони сафорат номид.

Вай гуфт: "Ин як навъ таҳқир ва тарсонидан аст, ки комилан ғайри қобили қабул аст. Онҳо кормандони пуркори дипломатианд. Ин ақида, ки сафорати Британия навъе дар паси эътирозҳои ҳафтаҳои ахири Теҳрон қарор дорад, аслан появу асос надорад".

Бино ба хабари хабаргузории нимарасмии "Форс", ин 8 нафар барои ширкати фаъолашон дар тазоҳуоти эътирозии баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муқассир дониста мешаванд.

Хабаргузории "Форс" бидуни ном бурдани манбае навиштааст, ин 8 нафар барои нақши қобили мулоҳиза дар таҳрики нооромиҳои баъд аз интихобот дар Теҳрон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ин иқдоми Теҳрон мумкин аст муносиботи миёни Эрону Британияро бештар сард созад.

Ду кишвар ҳафтаи гузашта дипломатҳои якдигарро аз кишваршон хориҷ карданд. Эрон кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла, Амрико ва Британияро муттаҳам кардааст, ки онҳо баъд аз интихоби Маҳмуди Аҳмадинажод ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар ташкили тазоҳуроти Теҳрон нақш доранд. Аммо ҷониби Бритнаия ва Амрико ин иддаоро рад мекунанд.

Ҳафтаи гузашта вазирони умури хориҷии ҳашт кишвари пешбари ҷаҳон -- Британия, Иёлоти Муттаҳида, Италия, Канада, Олмон, Русия, Фаронса ва Ҷопон аз ҳукумати Эрон мурооти одитарин ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла озодии баёнро тақозо карданд.

Онҳо ҳамчунин аз Теҳрон даъват карданд, бозтоби иродаи мардуми Эронро дар раванди интихобот кафолат диҳад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG