Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия ба боздошти кормандонаш вокуниш нишон дод


Британия ба боздошти 8 нафар кормандони эронитабори сафорати худ дар Теҳрон вокуниш нишон дод. Дэвид Милибанд-вазири умури хориҷаи Британия дархост кард, ки кормандони сафорат раҳо шаванд. Вай ин иқдоми Эронро таҳқир ва тарсонидани кормандони сафорат номид.

"Ин як навъ таҳқир ва тарсонидан аст, ки комилан қобили қабул нест. Онҳо кормандони пуркори дипломатианд. Ин ақида, ки сафорати Британия навъе дар паси эътирозҳои ҳафтаҳои ахири Теҳрон қарор дорад, аслан появу асос надорад".

Бино ба хабари хабаргузории нимарасмии "Форс", ин 8 нафар барои ширкати фаъолашон дар тазоҳуоти эътирозии баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муқассир дониста мешаванд. Хабаргузории "Форс" бидуни ном бурдани манбае навиштааст, ин 8 нафар барои нақши қобили мулоҳиза дар таҳрики нооромиҳои баъд аз интихобот дар Теҳрон ба ҳабс гирифта шудаанд.
XS
SM
MD
LG