Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА амнияти Аврупоро баррасӣ мекунад


Имрӯз вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви САҲА музокироти худро дар бораи чаҳорчӯбаи нави амниятии Аврупо оғоз карданд. Хавиер Солана-масъули бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба хабарнигорон гуфт, сохторҳои мухталифе барои таъмини амнияти Аврупо вуҷуд дорад, ки метавонад бидуни тағири аслӣ дар оянда равнақ дода шавад ё низоми амниятии Аврупоро, ки солҳои сол оромишро дар ин гӯшаи сайёра ҳифз кардааст, ба хатар рӯ ба рӯ кунад. Дар ин мулоқот, ки дар Юнон баргузор мешавад, масъалаи ҷанги моҳи августи соли гузаштаи Русия ва Гурҷистон дар Асетияи Ҷанубӣ низ баррасӣ мешавад. Рӯзи шанбе дар ҳошияи ин мулоқот Русияву НАТО розӣ шуданд, ки ҳамкориҳои худро аз сар бигиранд.
XS
SM
MD
LG