Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Шимон Перес аз Боку оғоз шуд


Имрӯз Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил барои боздиди давлатӣ вориди Боку-пойтахти Озарбойюҷон шуд. Ҳадафи ин боздид густариши равобити стротегӣ ва иқдисодӣ арзёбӣ мешавад. Дар ҷараёни боздиди чаҳоррӯза оқои Перес аз Қазоқистон низ боздид мекунад. Ҳайати ҳамроҳони раиси ҷумҳури Исроил аз як гурӯҳи 60 нафарии мақомоти давлатӣ ва тоҷирону корхонадорон иборат аст. Қарор аст Шимон Перес 1-ӯми июл дар Қазоқистон дар конфронсе дар ҳузури садҳо нафар намояндагони кишварҳои мусулмоннишин ва арабӣ суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG