Пайвандҳои дастрасӣ

4 тундрав ва 1 сарбоз дар Доғистон кушта шуданд


Дар ҷумҳурии Доғистони Русия дар амалиёте 4 ифротӣ ва як сарбози нируҳои давлатӣ кушта шудаанд. Вазорати дохилаи ин ҷумҳурӣ мегӯяд, ифротиён баъд аз ба муҳосираи нируҳои амниятӣ даромадан дар ҷангали атрофи шаҳри Махачқалъа шаби шанбе ба якшанбе кушта шудаанд. Як сарбози дигар дар ин амалиёт ҷароҳати сангин бардоштааст. Доғистон дар моҳҳои ахир ҳамвора саҳнаи даргириҳои нируҳои амниятӣ ва тундравҳои исломӣ будааст.
XS
SM
MD
LG