Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

8 корманди эронии сафорати Британия боздошт шуданд


Бино ба хабарҳои расида аз Теҳрон, мақомоти интизомии Эрон 8 нафар кормандони эронитабори сафоратхонаи Британия дар Теҳронро боздошт кардаанд. Бино ба хабарҳо, ин 8 нафар барои ширкати фаъолашон дар тазоҳуоти эътирозии баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муқассир дониста мешаванд. Хабаргузории нимарасмии "Форс" бидуни ном бурдани манбае навиштааст, ин 8 нафар барои нақши қобили мулоҳиза дар таҳрики нооромиҳои баъд аз интихобот дар Теҳрон ба ҳабс гирифта шудаанд. Ин иқдоми Теҳрон мумкин аст муносиботи миёни Эрону Британияро бештар сард созад. Ин ду кишвар ҳафтаи гузашта дипломатҳои якдигарро аз кишваршон хориҷ карданд. Эрон кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла, Амрико ва Британияро муттаҳам кардааст, ки онҳо баъд аз интихоби Маҳмуди Аҳмадинежод ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар ташкили тазоҳуроти Теҳрон нақш доранд. Аммо ҷониби Бритнаия ва Амрико ин идаоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG