Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Исроил аз Қазоқистон боздид мекунад


Дафтари Шимон Перес- раиси ҷумҳури Исроил гуфтааст, қарор аст боздиди Шимон Перес рӯзи якшанбе за Қазоқистон оғоз шавад. Бино ба хабари ин манбаъ, ҳадафи боздид густариши равобити стротегӣ ва иқтисодист. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар давоми 4 рӯзи боздиди расмӣ Шимон Перес бо раҳбарони Қазоқистон ва Озарбойҷон дидор ва гуфтугӯ кунад. Қарор аст оқои Перес ҳамчунин дар як конфронс рӯзи чаҳоршанбе ба намояндагони кишварҳои мусулмоннишин ва арабӣ паём фиристад.
XS
SM
MD
LG