Пайвандҳои дастрасӣ

3 тундрави исломӣ дар Қирғизистон кушта шуд


Пулиси Қирғизистон мегӯяд, нируҳои вижаи ин кишвар се нафари машкук ба тундравҳои исломиро дар минтақае, ки дар ҳафтаҳои гузашта саҳнаи нооромӣ буд, ба қатл расондаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли Курсантбек Асанов-раиси пулиси ноҳияи Узген навиштааст, ин се тундрав дар амалиёте, ки рӯзи шанбе оғоз шуд, дар деҳи Кошқурғон кушта шудаанд. Ба гуфтаи оқои Асанов, мумкин аст ин тундравҳо бо Ҳаракати Иломии Ӯзбекистон иртибот дошта бошанд. Ҳаракати Иломии Ӯзбекистон гурӯҳест, ки аз тундравҳои исломӣ иборат аст ва бо шабакаи террористии Ал Қоида ҳамкорӣ мекунад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ аз фаъолияти ин шабака нигарониҳои амниятӣ доранд. Идао мешавад, ки ҳафтаи гузашта дар хориҷ аз Ҷалолобод 5 нафар афроди муттаалиқ ба Ҳаракати Иломии Ӯзбекистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG