Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинежод бо Ғарб равиши ҷиддӣ дар пеш мегирад


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, баъд аз ба гуфтаи худаш, мудохилаи Ғарб дар интихоботи 12-ӯми июн вай "бештар равиши қотеъона ва ҷиддӣ" дар пеш хоҳад гирифт. Вай баъ аз як рӯзи ситоиши Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз ҷасорати эрониён, ки дар интихобот бар зидди хушунати "бедодгарона" эътироз карданд, ин суханонро ба забон овард. Аз сӯи дигар, Мирҳуссейн Мусавӣ-номзади интихоботии мухолифон пешниҳоди мақомотро дар бораи шумориши бахше аз оро рад ва тақозо кард, ки бояд натиҷаҳои интихоботи 12-ӯми июн комилан лағв шавад.
XS
SM
MD
LG