Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймоҳо 2 пойгоҳи Толибонро хароб карданд


Имрӯз ҳавопаймоҳои низомии Покистон мавозеъи Толибонро дар Вазиристони Ҷанубӣ дар имтидоди марз бо Афғонистон бомбборон карданд. Ин ҳамла ба ду деҳи ноҳияи Ладдаҳ анҷом гирифт ва бино ба хабари мақомоти расмӣ, дар натиҷаи он ду пойгоҳи шӯришиён комилан хароб шудааст. Ин ҳамлаи ҷавобии низомиён ба шабехуни шӯришиён буд. Шӯришиён рӯзи шанбе ба ду пойгоҳи низомиён ҳамла бурданд ва 2 сарбозро кушта, 4 нафари дигарро захмӣ карданд.
XS
SM
MD
LG