Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай Толибонро ба райдиҳӣ даъват кард


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳуриАфғонистон аз Толибон даъват кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ширкат кунанд ва рай диҳанд, на ба ҳавзаҳо ё воҳидҳои райдиҳӣ ҳамла кунанд. Карзай дар як нишасти хабарӣ гуфт, вай мехоҳад бубинад, ки шӯришиён ё тундравҳо ба маҳаллоти зисти худ бармегарданд, баргаи райро ба даст мегиранд ва бо райи худ дар интихобот ширкат меҷӯянд. Ин дархости Ҳомид Карзай дар ҳоле садо медиҳад, ки нигарониҳо аз ҳамлаи Толибон ба ҳавзаҳои интихоботӣ дар рӯзи райдиҳӣ, ба вижа дар ҷануби Афғонистон, мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG