Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расидагии комил ба марги Майкл Ҷексон вақт мехоҳад


Дар Лос Анҷелеси Амрико кумиссиюни бозрасӣ гуфтааст, расдагиҳо ба даргузашти Майкл Ҷексон-ситораи дурахшони ҳунари овозхонӣ нишон додааст, ки дар марги вай омилҳои маҷбурӣ мушоҳида намешавад. Дар ҳамин ҳол, Крейг Ҳарвей-сухангӯи бозрас гуфтааст, натиҷаҳои ниҳоии расидагии тиббӣ ё таксикологӣ ба сабаби марги Майкл Ҷексон вақт мехоҳад ва баъд аз 4 ё 6 ҳафта дақиқ хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки ду рӯзи пеш Майкл Ҷексон бар асари ҳамлаи қалбӣ ҷон дод.
XS
SM
MD
LG