Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати раисҷумҳур: хайрия ба ҷои ҳаҷ


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз зоирини тоҷик даъват кард, ки имсол маблағҳои сафари ҳаҷро барои сокинони кишвари бӯҳронзада хайр кунанд.

Ин пешниҳод зимни суханронии раисҷумҳур дар ҷаласаи фаъолони мақомоти вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд садо дод.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин амалро ба хотири коҳиши пайомадҳои манфии бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва селу хисороти имсола, ки ба Тоҷикистон беш аз 100 миллион сомонӣ зарар овард ва водор намуд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак хоҳад, зарур медонад.

Вай афзуд, «бо дарназардошти ин ду омили муҳим мехоҳам ба халқи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, хулоса ба ҳамаи онҳое, ки нияти зиёрати хонаи Худоро доранд, муроҷиат карда, онҳоро даъват намоям, ки маблағҳои барои ҳаҷҷи имсола нияткардаи худро бо дарназардошти шароити бӯҳронии замона сарф кунанд ва албатта беҳтар аст, ки маблағи барои ҳаҷ, хусусан ҳаҷҷи дуюмбора ва сеюмбора, сарфшавандаро барои кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ, ятимону маъюбон, шахсони мӯҳтоҷу бесаробон, оилаҳои камбизоат, ё барои обод кардани ягон гӯшаи ватан харҷ кунанд».

Даъвати раисҷумҳур дар маҳфилҳои мазҳабӣ ва дар байни мардуми Суғд бо вокунишҳои мухталиф пазируфта шуд. Вале сари ин мавзуи муҳими исломӣ сокинон хеле бо эҳтиёт сӯҳбат мекунанд.

Рӯзноманигор Тилав Расулзода бар он аст, ки «ин иқдоми хуб аст, аммо муҳим он, ки то кадом андоза мардум аз он истиқбол мекунанд. Зеро баъзе одамон як умр орзуи ҳаҷ дар дил мепарваранд, ё ки мехоҳанд модар ё падари пирашонро ҳамроҳӣ кунанд. Аммо агар он нафароне, ки имкони молӣ доранд, ба ҷои дафъи дуюму сеюми ҳаҷ як бенаво ё бемореро даст бигиранд ё ягон гӯшаи ноороми ватанро обод кунанд, ин ҳам кори як бузурги хайр аст ва Худованд подоши неки онро медиҳад».

Вале як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки нахост номи худро ошкор созад, гуфт, ин даъвати раисҷумҳур дар ҳоле садо медиҳад, ки сафари 5–рӯзаи ӯ дар вилояти Суғд дар ҳар қадам маъракаҳои бузурги пешвозу гусел, зиёфатҳо ва консерту тантанаҳои серхароҷот ба ҳамроҳ дорад.

Вай афзуд, беҳтар мебуд давлати Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони молӣ ин гуна маросимҳои пурдабдаба ва андозҳоро кам мекард. Он гоҳ дар дасти одамони ба хайру саховат маблағе боқӣ мемонд. Аммо дар ҳоле, ки бисёр дигар давлатҳо андозбандиро коҳиш доданд, ҳукумати Тоҷикистон баръакс ҳама навъи андозҳо ва маблағҳои хадамоти манзилро баланд бардошт ва мушкили сокинонро зиёдтар кард.

Мавзуи хайрия ба нодорон ва корҳои ободонӣ ба ҷои адои ҳаҷ дар ҳар навбати ин маросим ба гунаҳое мавриди сӯҳбату баҳсҳо дар миёни сокинони оддӣ ва масъулини умури дин қарор мегирад.

Ҳамзамон, дар ҳар табрикоти мақомот дар идҳои исломӣ монанд ба ин гуна даъватҳои хайру саховат ба ҷои ҳаҷ ба шакли нарм ва пешниҳодӣ баён меёбад.

Ҳарсола дар аз Тоҷикистон щазорон нафар ба зиэрати хонаи Каъба мераванд. Дар маросими гузаштаи зиёрати хонаи Худо 5 ҳазор сокинони кишвар иштирок намуданд. Маблағи сафари ҳаҷ барои як нафар зери 3 ҳазор доллари амрикоӣ таъин шуда буд. Ин дар ҳолест, ки бар пояи маълумоти расмӣ, зери 60 дарсади сокинони Тоҷикистон дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд ва бӯҳрони молӣ зиндагии онҳоро мушкилтар кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG