Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои қарордоди сулҳи тоҷикон 12 сол қабл баъд аз чандин соли ҷанги пурқурбонӣ дар қалбҳои мардуми Тоҷикистон шӯълаи умедро фурӯзон кард.

Ва дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки мақомоти Тоҷикистон чун дар гузашта имсол низ онро бо баргузории маросиму чорабиниҳои бошукӯҳ баргузор мекуннад, мо ба дидори ҷавонони маҳаллаи Қаротегини пойтахт рафтем.

Шояд пурсед, чаро на ба дигар маҳаллаҳо ва маҳз ба Қаротегин. Чун, дӯстони азиз, ҳамаи мо ёд дорем, ки дар замони бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин маҳалла яке аз нуқоти доғи низоъҳои хунин ба ҳисоб мерафт ва сокинонаш шоҳиди ҳодисаҳои хеле зиёди ҳузнангез шудаанд.

Ҳарчанд медонем, ки варақгардон кардани дафтари хотирот ва ангушт задан ба захмҳои кӯҳна барои маскунони ин маҳал осон нест, аммо ба ҳар сурат мо талош кардем, сари сӯҳбат бо ҷавонон ва сокинони ин маҳалла таьсири ҷангро дар зеҳн ва тарзи зиндагиву афкори насли нави баьдиҷангӣ таҳлил намоем.

Барои шунидани хотироти мухталифи сокинони маҳаллаи Қаротегини Душанбе аз даргириҳои дохилӣ ишораи аудио дар болои саҳифа аз тарафи ростро нохун занед.

Вобаста

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG