Пайвандҳои дастрасӣ

Бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон номи шаҳраки саноатии Олтинтопгани Суғд расман ба «Зарнисор»-и тоҷикӣ иваз шуд.

Ин пешнҳоди раисҷумҳур дар зимни суханрониаш дар маросими ба кор андохтани корхонаи муштараки маъдани Тоҷикистону Чин дар ин маҳал садо дод ва маънии рамзие умедворкунандаи сокинон баз эҳёи ин маҳал ҳам дошт.

Шаҳраки Олтинтопган аз ҷумлаи шаҳракҳои саноатӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳисоб мешавад, ки дар нимаи асри гузашта дар заминаи бунёди корхонаи бузурги маъдан таъсис ёфт, вале баъд аз пош хӯрдани шӯравӣ ва аз кор мондани ягона корхонаи бузургаш рӯ ба харобӣ ниҳод. Мутахассисини асосан рустабор онро тарк намуданд ва нуфуси шаҳрак аз 15 ҳазор то зери 10 коҳиш ёфт.

Корхонаи маъдани Олтинтопган ва акнун Зарнисор, воқеъ дар 110 киламетрии шимоли Хуҷанд дар мавзеъи ҳамсарҳад бо Узбакистон, дар соли 1954–и мелодӣ ба тавлиди маъдани хом ихтисос дошт. Коркарди ниҳоии он дар ва истеҳсоли маъдани сурб ва руҳ дар корхонаи Олмалиқи Узбакистон сурат мегирифт. Ба гуфтаи мутахассисини Суғд, Узбакистон дар соли 2000-ум ба далели паст рафтани нархи маъданҳои сурбу руҳ дар бозори ҷаҳонӣ ҳамкориаш бо Тоҷикистонро комилан қатъ кард.

Ба гуфтаи Илҳоми Ҷамолиён, сухангӯи раиси вилояти Суғд, инак дар заминаи корхонаи шаҳраки Зарнисор корхонаи муштараки маъдани Тоҷикистону Чин бо ҷалби ҳудуди 30 миллион доллари амрикоӣ сармояи ширкати чиноии «China Global New Technology Export & Import» дар тӯли ду соли таъсис гардида, ба кор андохта шуд, вай афзуд, ки корхонаи мазкур дар қадами аввал ба истеҳсоли 300 ҳазор тон маъдани софи сурб ва руҳ иқтидор хоҳад дошт, дар ниҳоят қудрати тавлидотиаш то 1 миллион тон афзуда хоҳад шуд. Феълан дар корхона 250 сокини маҳаллӣ ва беш аз 150 нафар мутахассисини чинӣ бо моҳонаи миёнаи беш аз 1 ҳазор сомонӣ кор мекунанд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи маъдани Зарнисор гуфт, рушди саноат, ба хусус коркарди маъдан, яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва яке аз давлатҳои дорои сарватҳои зиёди табиӣ мебошад, ки то имрӯз дар қаламраваш беш аз 400 кони канданиҳои фоиданок муайян ва кашф карда шудааст. Танҳо дар мавзеи Конимансури вилояти Суғд ба ҷиҳати захираи умумии нуқра, ки аз рӯи ҳисоби пешакӣ 55 ҳазор тоннро ташкил медиҳад, дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Вилояти Суғд минтақаи аз нигоҳи саноатӣ нисбатан рушдёфтаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки бар пояи маълумоти расмӣ, 40 дарсади иқтидори саноатии кишвар бар дӯши он рост меояд. Вале дар ҳоли кунунӣ бархе аз корхонаҳои муҳим бинобар рақобатнопазирии маҳсулоти худ дар бозори ҷаҳонӣ ва набуди технология ва фанновариҳои муосир комилан аз фаъолият бозмонда, бархе ҳам бо нирӯи ками истеҳсолии худ кор мекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, ислоҳоти иқтисодӣ дар давлате ба мисли Тоҷикистон, ки захираҳои молӣ дар даст надорад, ҳанӯз натиҷаи матлуб ба бор наовардааст. Ба хусус дар бахши саноат. Ба назари оқои Умаров, бе татбиқи консепсияи нави иқтисодӣ ва ислоҳоти куллӣ намешавад ба рушди чашмраси саноат ва бахши коркарди маъдан ноил гашт. Вай афзуд, муҳити ҷалби сармоя дар Тоҷикистон чандон хуб нест ва воқеият ба назарҳои расмии мақомот рост намеояд.

Корхонаи муштараки Олтинтопган–Зарнисор дар канори корхонаи истеҳсоли тиллои Зарафшон умдатарин корхонаи саноатии Суғд маҳсуб меёбад, ки қисмати асосии саҳмияҳои онҳоро ба даст овардааст.

Ду сол пеш давлати Чин талоше барои бунёди НОБ дар рӯди Зарфшон ба харҷ дод, вале ба мухолифати шадиди Узбакистон рӯ ба рӯ гашт ва аз он тарҳи барои Тоҷикистон муҳим даст кашид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG