Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Олтин Топган" "Зарнисор" ном гирифт


Корхонаи тасфияи маъдан бо номи "Олтин Топган" дар наздикии шаҳри Қайроқуми Тоҷикистон корхонаи "Зарнисор" номгузорӣ шуд. Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни суханони худ дар маросими гушоиши нахустин коргоҳи полоиши хокаи маъдан дар ин бора хабар дод. "Зарносор" ё "Олтин Топган" аз замони Шӯравӣ мерос мондааст ва солҳои ахир фаъоляти он қатъ шуда буд. Ҳоло он корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин аст ва дар коргоҳи якӯм 250 нафар коргарони тоҷик ва 200 нафар чиноиҳо кор мекунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин коргоҳ метавонад соле то 300 ҳазор тон хокаи маъданро полояд. Дар сурати баҳрабардории комил аз ҳамаи коргоҳҳо тавононии ин корхона то ба як миллион тон боло меравад ва дар он 3 000 нафар ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Гушоиши коргоҳи "Зарнисор" ба "Рӯзи Ваҳдат" ихтисос дошт.
XS
SM
MD
LG