Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Хуҷанд ваҳдати тоҷиконро ҷашн мегиранд


Имрӯз дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон "Рӯзи Ваҳдат"-ро ҷашн мегиранд. 12 соли пеш дар ҳамин рӯз дар шаҳри Маскав дар ҳузури намояндагони кишварҳои нозир ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва нируҳои мухолифи он мувофиқатномаи сулҳро имзо карданд. Аз ҷониби ҳукумат дар ин мувофиқатнома Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур ва аз ҷониби нируҳои мухолифон Саид Абдуллоҳ Нурӣ имзо гузоштанд. Сипас ин сана дар Тоҷикистон "Рӯзи Ваҳдат" ном гирифт ва ҳар сол дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон барномаҳои ҳукуматӣ дар робита бо ин рӯз иҷро мешавад. Соли ҷорӣ маҳали аслии ин ҷашн вилояти Суғд ва маркази он шаҳри Хуҷанд интихоб шудааст ва барномаҳои 12-ӯмин солгарди "Рӯзи Ваҳдат" дар варзишгоҳи нави ин шаҳр имрӯз соати 20 ба вақти Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Интизор меравад, ки дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон суханронӣ кунад. Соли гузашта ҳамин гуна барнома дар шаҳри Хоруғ-маркази вилояти Бадахшон иҷро шуд.
XS
SM
MD
LG