Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми нави Березовский дар Русия


Як додгоҳи Русия сарватманди маъруф Борис Березовскийро, ки аз хоки ин кишвар фирор кардааст, барои ғорати амвол ғоибона ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Березовский ва чанд шарики кории ӯ барои ғорати 1,9 миллион доллар пули ширкатҳои мошинсозии "Автоваз" ва "Логоваз" дар солҳои 1990 гунаҳгор мешаванд. Ин яке аз парвандаҳоест, ки зидди Березовский баъди сари қудрат омадани Владимир Путин дар оғози солҳои 2000-ум боз шудааст. Борис Березовский паноҳандаи сиёсии Бритониё буда Лондон пайваста ба тақозоҳои Маскав оид ба истирдоди вай посухи рад додааст.
XS
SM
MD
LG