Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба боздошти раҳбарони ошӯбҳо дар Эрон


Як рӯҳонии баландпояи эронӣ ба боздошти раҳбарони бенизомиҳои ахири ин кишвар, ки баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ рух дод, даъват кард. Дар намози ҷумъа Аҳмад Хотамӣ дар муроҷиат ба намозгузорон дар Теҳрон гуфт, ки раҳбарони аслии ошӯбҳо бояд бо лаҳни шадид ва бераҳмона муҷозот шаванд. Аз ин пеш органи олии қонунгузори Эрон гуфт, ки интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июни Эрон "солимтарин" раъйдиҳие буд, ки дар таърихи Ҷумҳурии Исломӣ баъди соли 1979 баргузор шудааст. Оҷонсии расмии ИРНО гузориш дод, ки Шӯрои нигаҳбон иттиҳомоти мухолифинро, ки ҳазорҳо нафарро барои раҳпаймоӣ ба хиёбонҳо бароварданд, оид ба вуҷуди тақаллуб рад кардааст. Шӯрои нигаҳбон қарор аст рӯзи душанбе ҳукми ниҳоии худро дар ин замина баён кунад.
XS
SM
MD
LG