Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ф.Амонатов–беҳтарин шатранҷбози Осиёи Марказӣ


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов ғолиби сабқати интихобии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тошканд гардид.

Вай дар 13 бозӣ 10 имтиёз ба даст овард ва дар сабқати мардон байни 14 шатранҷбози беҳтарини кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои аввалро касб кард.

Антон Филиппов (Узбакистон) низ 10 имтиёз гирифт, вале аз рӯи нишондиҳандаҳои изофӣ дуввум шуд.

Фаррух Амонатов ва Антон Филиппов ба Ҷоми ҷаҳон, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Дар сабқати занон Нафиса Мӯъминова (Узбакистон) бо 8 имтиёз байни 11 нафар ғолиб шуд ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон гардид.

Шатранҷбозони ҷавони тоҷик Соҳиб Ҷӯраев ва Надежда Антонова дар ҷойҳои 11-ум қарор гирифтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG