Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиши Толибе дар Кашмири Покистон


Як Толиби маргталаб рӯзи ҷумъа худро дар назди як мошини низомии артиш мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 2 сарбоз дар қисмати покистонии Кашмир кушта шуданд. Низомиён гуфтанд, ки таркиш дар минтақаи Музаффаробод, маркази минтақа рух дод. Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, муовини Байтуллоҳ Маҳсуд - раҳбари Толибон гуфт ҳамлаи мазкур ба он хотир анҷом гирифт, ки қудрат ва тавонмандиҳои дубораи Маҳсуд собит шавад. Беш аз як ҳафта мешавад, ки низомиёни покистонӣ паноҳгоҳи Маҳсудро дар Вазиристони Ҷанубӣ мавриди бомборон қарор доданд, вале ӯ аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд. Дар он рӯйдод ҳудудан 80 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG