Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои нигаҳбон аз интихобот ҳимоят кард


Органи олии қонунгузори Эрон гуфт, ки интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июни Эрон "солимтарин" раъйдиҳие буд, ки дар таърихи Ҷумҳурии Исломӣ баъди соли 1979 баргузор шудааст. Оҷонсии расмии ИРНО гузориш дод, ки Шӯрои нигаҳбон иттиҳомоти мухолифинро, ки ҳазорҳо нафарро барои раҳпаймоӣ ба хиёбонҳо бароварданд, оид ба вуҷуди тақаллуб рад кардааст. Шӯрои нигаҳбон қарор аст рӯзи душанбе ҳукми ниҳоии худро дар ин замина баён кунад. Бо амри раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ ин шӯро бояд дар давоми панҷ рӯз шикоятҳои расидаро аз тақаллуби райъдиҳӣ таҳқиқ кунад.
XS
SM
MD
LG