Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба ҳалокати Майкл Ҷексон


Чеҳраҳои саршиноси ҷаҳонӣ аз хабари даргузашти "султони мусиқии попи" ҷаҳон Майкл Ҷексон андӯҳгинанд. Дили вай шаби ҷумъа дар синни 50-солагӣ аз тапидан монд. Вазири фарҳанги Фаронса Фредерик Миттеран гуфт, ки Майкл Ҷексон як ситораи ҳамагонӣ буд, ки марги фоҷеабори вай ӯро дар қатори Мерилин Монро, Ҷеймс Дин, Элвис Преслӣ қарор медиҳад. Раиси ҷумҳурии Венесуэла Ҳуго Чавез хабари марги Ҷексонро риққатовар ва асафнок номид, ҳарчанд дар гузашта вай матбуотро барои таваҷҷӯҳи зиёдаш ба шахсияти Майкл Ҷексон танқид кардааст. Берри Гордӣ, аз ширкати сабти овози Motown Records, ки бо Ҷексон ҳамкории зиёд кардааст гуфт, ки онҳо хотироти муштараки хеле зиёд доштанд:

"Майкл Ҷексон на фақат барои як қарн ё як марҳилаи муайяни зиндагӣ омадааст. Вай омаду мо аз ҳузури вай баҳра бурдем ва мо акнун барои абад аз мусиқии вай лаззат хоҳем бурд".

Ситораи поп Мадонна гуфт, ки ҷаҳон яке аз бузургтарин шахсиятҳоро аз даст дод, аммо мусиқии ӯ барои абад зинда мемонад.
XS
SM
MD
LG