Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

G-8 Эронро ба хатми хушунатҳо даъват кард


Дипломатҳои кишварҳои гурӯҳи G-8 ба хатми билофосилаи хушунатҳои баъдиинтихоботии Эрон даъват карданд. Баъди мулоқоти вазирони хориҷаи қудратҳои ҷаҳон дар Триестаи Итолиё вазири итолиёӣ Франко Фраттинӣ гуфт, ки гурӯҳи мазкур аз ҳалокати инсонҳо "амиқан андӯҳгин" аст. Вай гуфт:

"Бешубҳа, мо истиқлолияти Эронро эҳтиром қоил ҳастем. Аммо мо ба таври ошкоро аз хушунат ва ҳалокати одамон андӯҳгин ҳастем. Мо ба онҳое, ки дар намоишҳои сулҳомез саркӯб шуданд, ҳамраъии худро баён мекунем. Аз Эрон тақозо мекунем, ки ҳуқуқи бунёдии мисли ҳаёт ва амнияти ҷисмонӣ ва озодии баёнро риоя кунад".

Гурӯҳи G-8 инчунин аз мақомоти Эрон тақозо кардааст, ки ҷавобгӯи хостҳои мардум будани натиҷаҳои ин интихоботи баҳсбарангезро собит кунад. Эрон дар оғоз барои ширкат дар ин ҳамоиш даъват шуда буд, аммо Теҳрон бо сабаби болоравии танишҳо бо Ғарб бар сари хушунатҳои баъдиинтихоботии рӯзи 12 июн аз ирсоли намояндаи худ ба Итолиё худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG