Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран дар расонаҳои Русия хабарҳое ба табъ расиданд, ки гӯиё Рашид Раҳимов, сармураббии собиқи дастаи футболи «Локомотив»-и Маскав, дар ояндаи наздик имкон дорад, сарварии тими миллии футболи Тоҷикистонро ба дӯш гирад.

Ба қавли ин расонаҳо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон аллакай бо Рашид Раҳимов дар тамос шудаанд, то ки бо ӯ мавзӯъи имзои қарордодро баррасӣ кунанд.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо бо дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов ҳамсӯҳбат шудем. Вай гуфт, «ин хабарҳо ҳамааш дурӯғ аст. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Рашид Раҳимов ягон хел мулоқот надошт ва телефонӣ ҳам сӯҳбат накардааст».

Оқои Давлатов афзуд, ҳарчанд дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки аз идомаи мубориза барои ширкат дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол -2010 маҳрум шудааст, барои роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 талош хоҳад кард. Вай гуфт, «дастаи Тоҷикистон бо раҳбарии Пӯлод Қодиров соли оянда дар даври финалии Ҷоми даъвати Осиё барои дарёфти роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 мубориза хоҳад бурд».

Оё тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар тӯли 15 соли ширкати худ дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ ба ягон натиҷаи назаррас ноил нашудааст, айни ҳол ба мураббии варзидаи хориҷӣ ниёз дорад? Бо чунин суол мо ба коршиноси соҳа Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, муроҷиат кардем. Вай гуфт, «албатта тими миллӣ ба мураббии хориҷӣ эҳтиёҷ дорад. Чунин таҷриба дар бисёр кишварҳо роиҷ аст. Масалан, баъди он ки сармураббии дастаи мунтахаби Русия Гус Хиддинки ҳуландӣ таъин шуд, ин кишвар ба натиҷаҳои баланд ноил гашт. Вале, мутаассифона, ба иллати набуди маблағи зарурӣ мо ҳоло имкон надорем, ки мутахассисони хориҷиро даъват намоем».

Ба андешаи ҳамсӯҳбати дигари ман собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе ва феълан мураббии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол Сулаймон Бобокалонов низ барои даъвати мутахассиси хориҷӣ масъалаи аз ҳама асосӣ масъалаи молист. Вай мегӯяд, «барои мо мутахассисони хориҷӣ заруранд, вале имрӯз мо онҳоро даъват карда наметавонем, зеро ки маблағи хеле зиёд – миллионҳо доллар лозим аст. Рашид Раҳимов дар дастаи «Локомотив»-и Маскав бар асоси қарордоде, ки беш аз 2 миллион долларро ташкил медод, кор мекард. Ҳарчанд ӯ дастпарвари футболи тоҷик аст, бовар надорам, ки бо маоши ночизе барои кор дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон розигӣ диҳад».

Бад-ин тартиб ба андешаи коршиносон рушди минбаъдаи футбол дар Тоҷикистон ва ширкати комгори дастаи мунтахаби миллии кишвар дар мусобиқоти байнулмилалӣ бе ҷалби мураббиёни варзидаи хориҷӣ ва сармоягузории кофии давлат ва сарпарастон имконнопазир мебошад. Бинобар ин онҳо зарурати як барномаи вижаи давлатии рушди футболро дар Тоҷикистон барои 5-10 соли оянда таъкид сохтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG