Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дафтари СММ оид ба мубориза зидди маводи мухаддир ё UNODC дар гузориши 314-саҳифагии наваш, ки дар Вашингтон муаррифӣ шуд, мегӯяд дар соли 2008 дар ҷаҳон коҳиши фурӯши бозори афюн, ҳашиш ва кокаин мушоҳида шуда, баръакс, бозори навъҳои маснуии маводи мухаддир гарм шудааст.

Гузориш ҳокист, ки соли 2008 кишти хашхош дар Афғонистон, ки 93 дарсади афюни ҷаҳон дар ҳамин кишвар тавлид мешавад, 19 дар сад коҳиш ёфт. Дар Колумбия, ки тавлидкунандаи нисфи кокаини ҷаҳон маҳсуб мешавад, дар соли гузашта ҳосили он 18 дарсад кам шудааст.

Аз миёни навъҳои табиии маводи мухаддир канабис ё ҳашиш ҳамчун алафи ба таври густарда парваришшаванда боқӣ мемонад. Дар миёни истеъмолкунандагони маводи мухаддир ҳамингуна андешае вуҷуд дорад, ки ҳашиш, ки назар ба дигар маводи мухаддир арзонтар ва дастрастар аст, аз лиҳози зиёну зарар ба истеъмолкунандааш назар ба маводи дигари мухаддир сабуктар аст. Аммо тавре мутахассиони СММ мегӯянд, ин андеша иштибоҳ аст ва дар асл ба инсон хеле хатари зиёд эҷод мекунад. Бозори аслии истеъмоли ҳашиш Амрикои Шимолӣ, Уқёнусия ва Аврупои Ғарбӣ мебошад.

Соли 2008 кишти хашхош дар Афғонистон, ки 93 дарсади афюни ҷаҳон дар ҳамин кишвар тавлид мешавад, 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар Колумбия, ки твлидкунандаи нисфи кокаини ҷаҳон маҳсуб мешавад, дар соли гузашта ҳосили он 18 дарсад кам шудааст ...
Дар заминаи маводи маснӯӣ ё синтетикии мухаддир мисли амфетамин, метамфитамин ё экстазӣ гуфта мешавад, ки дар давлатҳои пешрафта истеъмоли ин мавод кам шуда, баръакс дар давлатҳои дар ҳоли рушд дар ҳоли зиёд шудан мебошад. Ҳарчанд навъи ин мавод аслан камшумор ва дастрасиаш сахттар будааст. Аз рӯи баъзе маълумот, навъи экстазии маводи маснӯии мухаддир ҳоло дар бозори сиёҳӣ Русия фаровон дастрас аст ва эҳтимолан бо ҳамон роҳ ба Тоҷикистон барин кишварҳо низ роҳ меёбад. Як сокини Душанбе гуфт, ки дар миёни гурӯҳҳои вижаи сарватмандону дӯстдорону айшу ишрат дар Тоҷикистон аллакай қурсҳои экстазӣ фаровон мечархад.

Сухангӯи UNODC дар Венаи Австрия Волтер Кемп дар сӯҳбат бо Озодӣ роҷеъ ба далелҳои тавсеаи бештари навъи маснӯии маводи мухаддир дар ҷаҳон гуфт, "эҳтимолан ба он хотир, ки таҳияи ин навъи нашъа кори осонтар ва арзонтар аст ва қочоқи он низ чандон мушкил нест, чунки онҳо маъмулан ба шакли қурсҳо сохта мешаванд. Ва бо ҳамин далел мо шоҳиди як навъ тағироте дар бозори сиёҳи нашъаи маснӯии кишварҳои дар ҳоли рушд мешавем".

Аз ӯ пурсидем, оё аз назари тиббӣ тафовути ин мавод дар чист ва аз назари хатарнокии онҳо ба ҷисми истемолкунанд чӣ гуфта мешавад? Вай гуфт, ки "барги кокаро барои тавлиди кокаин, афюнро барои таҳияи ҳероин истифода мекунанд. Масалан, маводи маснуии мисли экстазӣ барои хуморӣ шудану рақсу тафреҳ истеъмол мешавад. Ҳар яки ин маводи таъсири мухталиф дорад. Масалан метамфидамин, ки аз навъи маснӯии маводи мухаддир аст, метавонад пӯсти инсон, дандонҳои касро хароб кунад, бархе дучори дарди дилу роҳҳои нафас ва ҳатто мушкили равонӣ мешаванд".

Вай афзуд, ки мутахассисони СММ-ро мӯътодшавии истеъмолкунандаҳои ин навъи маводи мухаддир бештар аз ҳама нигарон мекунад. Ба гуфтаи ӯ, маводи мазкур ҳоло бештар дар кишварҳои осиёии мисли Миянмар, Тайланд, бархе манотиқи Малайзияву Чин, бархе давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Канада тавлид мешавад. Ва аз назари мутахассисон, бозори маводи маснӯии мухаддир ба як дарди сартосарии ҷаҳонӣ бадал мешавад.

Киштзори хашхош дар минтақаи Қандаҳори Афғонистон
Дар гузориши мазкур дар мавриди Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ин кишвар мизони баланди боздошти афюн дар соли 2008 ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ Тоҷикистон назар ба Покистону Эрон - ҳамсояҳои Афғонистон - баландтарин нишондод яъне 83 дар сад афюнро мусодира кардааст.

Волтер Кемп бо такя ба бозёфтҳои нави СММ дар Афғонистон ба коҳиши тавлиди хашхош дар ин кишвар дар соли гузашта таъкид кард, ки дар ҳудуди 18-19 дар сад будааст. Вай гуфт, " тақозо ба ҳероин дар ҷаҳон нисбатан кам шудааст. Ҳоло бо тавлиди ҳероин дар Афғонистон 4 минтақа, асосан Ҳилманд машғул ҳастанд. Талошҳои ҳамаҷонибаи ҳам нирӯҳои НАТО ва ҳам дигар хадамот барои мубориза зидди кишти хашхош, аз лабораторияҳо гузашта то ба роҳи транзитӣ расидани он - тақвият ёфтааст. Ва ин як зарбае ба Толибон ҳам мешавад, чунки ҳероин даромади аслии нирӯҳои зиддиҳукуматии Афғонистонро ташкил медиҳад. Аммо боз ҳам дар муқоиса бо кокаини дар Колумбия мусодирашуда ҳероини дар Афғонистон аз гардиши ғайриқонунӣ гирифташуда камтар аст".

Волтер Кемп таъкид кард, ки кор дар самти муқобила бо кишту парвариши хашхош дар Афғонистон хеле зиёд аст ва ба ҳамин хотир, дафтари СММ оид ба мубориза зидди маводи мухаддир талош дорад, ки барои таҳкими амнияти марзӣ сарҳадҳои кишварҳои сегонаи Афғонистон, Эрон ва Покистонро тибқи як барномаи вижа тақвият бахшад.

Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон соли 2007 дар ҳудуди 2500 килограмм афюн ва ҳудудан 2 дар сади ҳероини ҷаҳонро боздошт ва мусодира кардааст. Ҳаҷми маводи мухаддири аз Афғонистон ба Тоҷикистон воридшаванда ба мисли Эрон чандон зиёд нест, мегӯяд СММ, аммо ин роҳест, ки ба Русия мебарад.

Волтер Кемп афзуд, ки ҳоло талошҳо барои таъсиси як маркази кашфи минтақаӣ карда мешавад. Дафтари он дар Алмаатои Қазоқистон қарор гирифта моҳи сентябр ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии ин марказ иборат аз табодули маълумот ва иттилоърасонӣ оид ба интиқоли маводи мухаддир бо нияти коҳиши қочоқи он хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG