Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст сӯҳбате дорем бо Наим Сулаймонов, раиси муҷтамаъи ҷадиди варзишии шаҳри Хуҷанд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 12-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ соҳиби варзишгоҳи муосир барои 25 000 тамошобин шуданд. Сохтмони муҷтамаъи варзишӣ моҳи июли соли 2007 оғоз ёфта буд. Арзиши сметавии иншооти мазкур ба 35 млн. 360 ҳазор сомонӣ баробар аст. Ҳамчунин дар шафати варзишгоҳ 5 корти теннис бо майдоне, ки рӯйпӯши сунъӣ дорад, бунёд шудааст. Дар ин мавзӯъ мусоҳибаи ҳамкори мо Маъсуми Муҳаммадраҷаб бо раиси муҷтамаъи ҷадиди варзишии шаҳри Хуҷанд Наим Сулаймонов ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими мунтахаби бошгоҳҳои футболи кишвар бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Дар ин барнома дар бораи ин бозӣ, ки бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, гузориш медиҳем. Инчунин сӯҳбате дорем бо узви дастаи мунтахаби бошгоҳҳои футболи кишвар, Акмал Сабуров, нимҳимоятгари дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа.

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш», инчунин, шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ошно мекунем:

Владимир Кличко, муштзани сангинвазни укроинӣ, дар шаҳри Гелзенкирхени Олмон бар Руслан Чагаеви узбакистонӣ бо нокаут ё зарбаи фаннӣ пирӯз шуд. Дар ин қувваозмоӣ раунди 9-ум ҳалкунанда гардид. Пас аз зарбаҳои сахту пасиҳами Кличко Чагаев дар вазъи ниҳоят душвор қарор гирифт ва базӯр ба по меистод. Бинобар ин мураббиёнаш ба Чагаев иҷозат надоданд, ки муборизаро идома бидиҳад. Бад-ин тартиб Владимир Кличко унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар вазни сангинтарин дифоъ намуд.

Чин ҳамчун мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 беш аз 1 миллиард юан ё 146 миллион доллар фоида кардааст. Даромади Чин аз ҳисоби ҳаққи пахши бозиҳо, кӯмаки молӣ ва фурӯши чиптаҳо 20 миллиарду 500 миллион юан ва хароҷот бошад, 19 миллиарду 300 миллион юанро ташкил додааст.

Шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия яке аз муддаъиёни аслӣ барои мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 маҳсуб мешавад. Соли 2014 дар ин шаҳр сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи дабири кулли Кумитаи олимпии Бразилия Карлос Озорио баргузории ин мусобиқоти бузурги ҷаҳонӣ ду сол пеш аз Бозиҳои олимпӣ ба Рио-де-Жанейро имкон медиҳад, ки нисбат ба муддаъиёни дигар хубтар омодагӣ бигирад. Ташкилкунандагони Олимпиада дар ин шаҳри бразилӣ изҳор доштанд, ки онҳо омодаанд барои таъмини амният 1 миллиарду 400 миллион доллар масраф намоянд.

Дастаҳои мунтахаби Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон, ки соли 2010 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд. Дастаҳои Баҳрайн ва Арабистони Саъудӣ бошанд, муборизаро барои роҳхати панҷум идома хоҳанд дод. Ин дастаҳо бо ҳам рӯзҳои 5-ум ва 9-уми сентябр қувваозмоӣ мекунанд. Дастаи ғолиб бо тими Зеландияи Нав барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2010 мубориза мебарад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG