Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе Тағойназар Солеҳов, бародари собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро бо иттиҳоми куштор ва нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ба муддати 15 солу шаш моҳ ба зиндон маҳкум кард.

Алпомиш Акбаров, қозии додгоҳи шаҳри Душанбе, гуфт, аз ҷумлаи се иттиҳоми алайҳи Тағойназар Солеҳов ҳодисаи қатл иттиҳоми аслӣ маҳсуб шуда ва ин амр дар таъйини муҷозоти сангин нақши калидӣ дошт.

Ба гуфтаи оқои Акбаров, таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки оқои Солеҳов дар соли 1999 дар манзилаш бо Далер Фозилов, корманди пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии ин шаҳр, ки бародари ҳамсараш будааст, муноқиша карда ва бо истифода аз худкори Калашников ӯро ба қатл расондааст.

Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба Тағойназар Солеҳов даҳ сол пеш боз шуда буд, вале ба иллати набудани шоҳидон ва исбот нашудани ҷурм таҳқиқи ин ҳодиса ба дарозо кашидааст.

Тағойназар Солеҳови 56-сола то замони боздошт раёсати терминали гумруки шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG