Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши Обама барои тасвиби барномааш


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, барномаи ҳукуматаш ҷиҳати мубориза бо тағйири иқлимро, “ барномаи офарандаи ҷойҳои корӣ” номид, ки ба гуфтаи вай, ҳам ҳаворо тоза ва ҳам дар ҳалли мушкили бекорӣ дар Амрико мусоидат хоҳад кард. Барак Обама ҷидду ҷаҳд дорад, то вакилони конгресси Амрико пеш аз рафтан ба таътил то 4-уми июл барномаи мазкурро тасвиб кунанд. Ҳадаф аз ин барнома коҳиши олудагии ҳаво ва ҳамзамон дар арсаи тавлиди энержии безарар офаридани ҷойҳои корӣ дар Амрикост. Барак Обама мегӯяд, Амрико беш аз ҳад пойбанди сӯзишвории нафтӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG