Пайвандҳои дастрасӣ

Тафсилоти даргузашти Майкл Ҷексон


Майкл Ҷексон ситораи шӯҳратёри мусиқии поп, овозхон ва раққоси амрикоӣ рӯзи панҷашанбе дар шаҳри Лос Анҷелес даргузашт. Афсари пулиси Лос Анҷелес гуфт, Майкл Ҷексон баъди аз кор мондани дилаш ба бемористони шаҳр оварда шуд ва дар ҳаминҷо даргузашт. Иллатҳои дақиқи марги ӯро ҳанӯз эълом накардаанд ва интизор меравад, ҷасади ӯро ташхис намоянд. Майкл Ҷексони 50 –сола, ки қасд дошт, моҳи июл силсилаи консертҳояшро дар шаҳри Лондон шурӯъ кунад, аз овозхонҳои ҷаҳоние маҳсуб мешавад, ки то кунун 750 миллион албомашро дар саросари ҷаҳон харидаанд.
XS
SM
MD
LG