Пайвандҳои дастрасӣ

G 8 рафтори Эронро маҳкум хоҳад кард


Интизор меравад, ки имрӯз вазирони умури хориҷаи кишварҳои гурӯҳи Ҷи –8 бо маҳкум кардани хушунатҳои баъд аз интихоботӣ дар Эрон аз ҳукумати ин кишвар бихоҳанд, бӯҳрони мавҷудро бо роҳи мусолиматомез ва демократӣ ҳал кунад. Эрон низ ба нишасти вазирони умури хориҷаи гурӯҳи Ҷи 8 ба шаҳри Триестаи Итолиё даъват шуда буд, аммо бо авҷ гирифтани таниш миёни Эрону кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи интихобот аз ширкат дар он нишаст даст кашид. Бино ба натиҷаҳои эъломшуда, Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури феълӣ дар интихоботи 12 июн пирӯз шудааст, аммо Мирҳусайни Мӯсавӣ номзади мухолифин интихоботро олуда ба таққалуб хонда ва натиҷаҳои онро напазируфт. Мақомоти интизомӣ тарафдорони ӯро боздошт ва рӯзномаҳои ӯро бастанд, вале вай дар як баёнияи наваш гуфт, барои лағви натиҷаҳои интихобот ҳамчунон талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG