Пайвандҳои дастрасӣ

Майкл Ҷексони шӯҳратёр даргузашт


Майкл Ҷексон – ситораи мусиқии маҳбуб дар ҷаҳон бар асари бемории қалб дирӯз дар шаҳри Лос Анҷелес даргузаштааст. Рӯзномаи Лос Анҷелес Таймс гузориш дод, ки ҳангоми расидани табибон ба хонаи Майкл Ҷексони 50 сола нафас намегирифт. Шоҳи Поп барои баргузории консертҳои наве дар Лондон омодагӣ мегирифт. Таронаҳои Майкл Ҷексон дар саросари ҷаҳон миллионҳо шунаванда дошт ва 13 таронаи ӯ дар Амрико таронаи рақами аввал будааст.
XS
SM
MD
LG