Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи дубораи парвандаи Политковская


Додгоҳи Олии Русия табраъаи се марди муттаҳам ба қатли Анна Политковская – хабарнигори шинохтаро беасос донист ва амр дод, то онҳоро дигарбора муҳокима кунанд. Додгоҳи шаҳри Маскав моҳи феврали соли равон бародарон Ҷабраил ва Иброҳим Маҳмудов ва афсари собиқи пулис Сергей Ҳоҷиқурбоновро, ки ба қатли хонум Политковская муттаҳам мешуданд, бегуноҳ эълом кард, ки иллати он ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ ба иштибоҳи додситонҳо буд. Анна Политковская, ки сиёсатҳои ҳукумати Русиро бисёр интиқод мекард, 7 октябри соли 2006 дар назди хонааш дар шаҳри Маскав кушта шуд. Ин ҳодиса изтироби ҷомеаи байналмилал аз амнияти хабарнигорони мустақил дар Русияро бештар кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG