Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии нахуствазири собиқи Косово


Додгоҳи Булғористон Агим Чеку – нахуствазири собиқи Косоворо баъди як ҳафтаи боздошт раҳо кард. Ҳукумати Сербистон аз Интерпол хоста буд, Агим Чекуро, ки тайи солҳои 2006 то 2008 нахуствазири Косово буд, дастгир кунад. Сербистон ӯро дар ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам медонад. Дар замони ҷангҳои хунини Югославияи собиқ, Агим Чеку раҳбари артиши озодибахши Косово буд. Пулиси Булғористон Агим Чекуро рӯзи сешанбе ҳангоми вурудаш аз Македония ба шаҳри София боздошт кард ва Сербистон хост, то ӯро ба ҳукумати Белград бисупоранд.
XS
SM
MD
LG