Пайвандҳои дастрасӣ

Рафтори ҳукумати Эрон бо донишмандон


Бино ба гузоришҳо, ҳукумати Эрон баъди мулоқоти Мирҳусайни Мӯсавӣ - пешвои мухолифон бо 70 устоди як донишгоҳ, ҳамаи ин донишмандонро боздошт ва сипас 66 нафари онҳоро раҳо кардааст. Баъд аз тазоҳуроти азим алайҳи натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон мақомоти расмӣ садҳо нафар аз тазоҳургаронро дастгир карданд. Ҳамчунин дар нооромиҳои пас аз интихоботи 12 июн, ки ба гуфтаи Мирҳусайни Мусавӣ бо таққалуби густурда сурат гирифтааст, дасти кам 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомоти интихоботии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури феълиро пирӯзи интихобот эълом карданд.
XS
SM
MD
LG