Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мураббии собиқи дастаи футболи “Локомотив”-и Маскав Рашид Раҳимов шояд ба қарибӣ мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъин шавад.

Ба иттилоъи расонаҳои Русия, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон аллакай бо Рашид Раҳимов дар тамос шуданд, то ки бо ӯ мавзӯъи имзои қарордодро баррасӣ кунанд.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мураббии варзида ниёз дорад, зеро даста аз идомаи мубориза барои ширкат дар бозиҳои қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2010 ва бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё дар соли 2011 маҳрум шудааст.

Рашид Раҳимов, ки айни ҳол дар Австрия ба сар мебарад, ба расонаҳо ӯ гуфтааст, ки сарнавишти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ӯ бетафовут нест ва аммо дар бораи идомаи фаъолияти худ дар симати мурабии дастаи футбол ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Рашид Раҳимов, собиқ капитани дастаи «Помир»-и Душанбе, дар моҳи апрел ба иллати натиҷаҳои ғайриқаноатбахши мавсими қаблӣ аз вазифаи сармураббии тими футболи «Локомотив» (Маскав) барканор шуд.

Рашид Раҳимов якуним соли қабл аз дастаи «Амкар»-и Перм ба «Локомотив» омада буд. «Амкар» таҳти раҳбарии Р. Раҳимов дар соли 2007 нахустин бор ба дастоварди назаррас ноил шуда, дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия байни 16 даста ҷои 8-умро ба даст овард.

Рашид Раҳимов 18-уми марти соли 1963 таваллуд шудааст. Нахуст ӯ дар дастаи «Захираҳои меҳнатӣ»-и Душанбе бозӣ кардаааст. Аввалин мураббиаш шодравон Сироҷ Носиров мебошад. Вай солҳои 1980 – 1991 ҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе буд. Сипас дар бошгоҳҳои футболи «Спартак»-и Маскав (1992, 1994), «Валядолид»-и Испания (1992 – 93), «Локомотив»-и Маскав (1993 – 1994), «Аустрия»-и Австрия (1995 – 1999), «Адмира-Ваккер»-и Австрия (2000 – 2001) ва СВ «Кели Рид»-и Австрия (2001) ҳунарнамоӣ кардааст. Р. Раҳимов инчунин қаҳрамони дукаратаи футболи Русия (1992, 1994), барандаи Ҷоми Русия (1992) мебошад.

Рашид Раҳимов пас аз гирифтани муҷаввиз аз соли 2002 ба кори мураббигӣ пардохта, ба бошгоҳи «Адмира-Ваккер» (Австрия) раҳбарӣ мекунад. Моҳи сентябри соли 2006 вай вазифаи сармураббии дастаи «Амкар»-и Пермро ба ӯҳда гирифт ва дар натиҷаи раҳбарии устодонаи худ ин дастаро аз хавфи хориҷ шудан аз бахши олии футболи Русия наҷот дода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG